САҲА оид ба таъқиби судии хушунати хонаводагӣ омӯзиш доир намуд
Аз 25 то 27 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералӣ дар шаҳри Сароби наздикии Душанбе тренинги серӯзаро оид ба таъқиби судии хушунати хонаводагӣ мизбонӣ намуданд. Дар ин чорабинӣ 23 корманди прокуратура аз водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат варзиданд.
Ҳадафи омӯзиши мазкур дастгирии ҳайати омӯзгорони Донишкадаи Прокуратура ҷиҳати баланд бардоштани зарфияти прокурорҳо оид ба тафтиш ва таъқиби судии парвандаҳои зӯроварӣ дар оила мебошад. Иштирокчиён бо мафҳумҳои баробарии гендерӣ, хушунати хонаводагӣ ва шаклҳои он, аз ҷумла ҷанбаҳои равонии марбут ба ин падида шинос шуданд. Онҳо инчунин дониши худро оид ба хусусиятҳои тафтишот ва таъқиби судии парвандаҳои зӯроварӣ дар оила, чораҳое, ки прокурорҳо бояд барои ҳифзи ҷабрдидагон андешанд ва чорчӯбаи ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ сайқал доданд.
Омӯзиш дар доираи дастгирии Дафтари барномаҳо аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба институтсионализатсияи омӯзиши кормандони прокуратура дар соҳаи тафтишот ва таъқиби судии парвандаҳои зӯроварӣ дар оила сурат гирифт. Дафтари барномаҳо дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иҷрои ӯҳдадориҳо дар доираи САҲА оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, аз ҷумла хушунати хонаводагӣ идома медиҳад.