Дар Душанбе Ҷаласаи панҷуми Платформаи ҳамкорӣ анҷом ёфт
31 октябри соли 2023 ҷаласаи панҷуми Платформаи ҳамкорӣ баргузор гардид, ки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирди ҳам овардааст. Ҷаласа ба дастовардҳои Дафтари барномаҳо дар соли 2023 бахшида шуда, дар ҷараёни он нақшаи стратегии ҳамкориҳо барои соли 2024 муайян карда шуд.
Дар чорабинӣ ҳудуди 50 нафар ширкаткунандагон, аз ҷумла кормандони Дафтари барномаҳои САҲА ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Вохӯрӣ барои баррасии фаъолияти САҲА дар кишвари мизбон дар чорчӯбаи се ченаки муносибати ҳамаҷониба ва ҳамгирои САҲА ба амният замина фароҳам овард. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҷамшед Ҳомидзода, Сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати САҲА-ро Юкка Туононен, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе сарварӣ кардаанд.
Ҷамшед Ҳомидзода аҳамияти ин иқдомро таъкид кард ва гуфт: “Ин нишаст ба мо имкон медиҳад, ки барои ҳалли масъала ва мушкилоти мавҷуда иқдомоти муассир биандешем, то нақшаҳои ояндаи марбут ба ниёзҳои воқеии кишвар ва мушкилоти мавҷударо амалӣ созем. Мо бояд барои ноил шудан ба ҳадафҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди устувор шароити мусоид фароҳам оварем».
“САҲА тақрибан 30 соли ҳамкории пурсамарро бо ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Таъсиси Платформаи ҳамкорӣ марҳалаи калидӣ дар ин ҳамкорӣ буд ва ман итминон дорам, ки муҳокимаи имрӯза дар робита ба муайян кардани афзалиятҳои асосии қадамҳои минбаъда барои идомаи ин кори бузург пурсамар хоҳад буд”, таъкид кард Аделина Марку, Муовини роҳбари намояндагӣ, Раёсати Македонияи Шимолӣ дар САҲА.
“Ин чорабинӣ як имконияти хубест барои мулоҳиза кардан дар бораи дастовардҳои муштаракамон ва муайян кардани соҳаҳое, ки мо метавонем боз ҳам зичтар ҳамкорӣ кунем. Ман бесаброна интизори шунидани сухани шумо, ҳамкорони мо ва гирифтани пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳои шумо оид ба пешниҳодҳои мо барои соли 2024 мебошам. Платформаи ҳамкорӣ пеш аз ҳама имкони муколама ва ҳамкории ошкоро мебошад”, гуфт Кэтрин Феарон, Муовини директори Маркази Котиботи САҲА оид ба пешгирии низоъҳо.
Дафтари барномаҳо дар Душанбе ҳамкориро бо Ҳукумат ва мардуми Ҷуумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи 22 лоиҳа дар ҳар се ҷанбаи амният бомуваффақият идома медиҳад.
Платформаи ҳамкорӣ дар соли 2018 бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкории ҳақиқӣ, масъулияти кишвари мизбон, ошкорбаёнӣ ва шаффофият таъсис дода шудааст. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолияти худро дар соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои мавҷуда ва афзалиятҳои дахлдори кишвари мизбон пеш мебарад.