САҲА ташкили Конфронси Осиё оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2023-ро дастгирӣ кард
20 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро дар ташкили Конфронси Осиё оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиии соли 2023 дастгирӣ намуд. Конфронс дар шаҳри Душанбе баргузор гардида намояндагони зиёда аз 30 кишвари минтақа ва созмонҳои байналмилалие, ки ба коҳиш додани хатари офатҳои табиии ва тағирёбии иқлим машғуланд гирд овард.
Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки дар ин чорабинӣ фаро гирифта шудаанд, табдили рақамӣ ва ҳамгироӣ дар коҳиш додани хатари офатҳои табиии барои сохтани ҷамоаҳои қавитари ба офатҳои табиӣ тобовар буд. Иштирокчиён инчунин дар бораи вазъи татбиқи Чорчӯбаи Сендай барои солҳои 2015-2030 гузориш доданд, ки дар он ҳафт ҳадафи дақиқ ва чор афзалияти тадбирҳои пешгирии хатарҳои мавҷуда ва коҳиш додани хатарҳои нави офатҳои табиӣ дарҷ шудааст. Конфронс ҳамчун як платформае хизмат кард, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро оид ба масъалаҳои марбут ба коҳиш додани хатари офатҳои табиии баррасӣ кунад.
Дастгирии ин чорабинӣ аз ҷониби Дафтари барномаҳо ба ҳадафҳои стратегии Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 мувофиқат мекунад. Он дар доираи фаъолияти васеътари САҲА ҷиҳати дастгирии омодагӣ ба офатҳои табиӣ, пешгирӣ, вокуниш ва барқарорсозӣ дар сатҳи ҷомеа, инчунин дар сатҳи миллӣ ва фаромарзӣ сурат мегирад.