САҲА мизи мудавварро оид ба мониторинги ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия дастгирӣ кард
18 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) як мизи мудавварро барои муаррифӣ ва муҳокимаи натиҷаҳо ва тавсияҳои чор гузориши мониторингии коршиносони миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ (ду зан ва ду мард) омода намуд. Дар чорабинӣ 21 намояндаи (10 зан, 11 мард) мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалии рушд ширкат доштанд.
Дар ду гузориши аввал ҷараёни иҷрои Конвенсияи зиддикоррупсионии Созмони Милали Муттаҳид ва тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истанбул оид ба мубориза бо коррупсия баррасӣ шуда, ду гузориши дигар ба Стратегияи миллии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабинихои дахлдор дар сохаи манзил ва заминсозӣ, системаи судӣ бахшида шудаанд.
Иштирокчиён хулосаҳои гузоришҳо ва тавсияҳо оид ба беҳтар намудани татбиқи стандартҳои байналмилалии дар боло зикргардида ва ҳуҷҷатҳои барномавии миллии мубориза бо коррупсияро баррасӣ намуданд.
Дар солҳои 2022-2023 Дафтари барномаҳо таҳияи гузоришҳои мониторингии дар мизи мудаввар пешниҳодшударо дастгирӣ намуд. Худи чорабинӣ дар доираи фаъолияти Дафтари барномаҳо ҷиҳати дастгирӣ ва таҳкими нақши мониторинги ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути пешниҳоди дастгирӣ ва роҳнамоӣ барои гузоришдиҳӣ оид ба татбиқи Стратегияи мубориза бо коррупсия баргузор карда шудааст.