САҲА ҷавононро барои пешгирии хушунати хонаводагӣ таълим медиҳад
Аз 17 то 19 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) тренинги серӯзаи тренеронро оид ба масъалаҳои зӯроварӣ дар оила ташкил намуд. Дар тренинг 17 нафар ҷавонон (6 мард ва 11 зан) аз шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирди ҳам омаданд.
Дар рафти тренинг иштирокчиён фаҳмиши худро дар бораи баробарии гендерӣ, таассубҳои гендерӣ, ки метавонанд боиси хушунати гендерӣ, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила, аломатҳо ва шаклҳои зӯроварӣ дар оила гарданд, такмил доданд ва усулҳои таълимии «омӯзиши мутақобила»-ро омӯхтанд. Онҳо инчунин бо тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии зӯроварии гендерӣ ва ҳифзи ҷабрдидагон, аз ҷумла хадамоти дастгирӣ ба наҷотёфтагон шинос шуданд.
Курси таълимӣ ба омода кардани тренерони ҷавони оянда нигаронида шудааст, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳо барои гузаронидани семинарҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ба ин васила пешгирии зӯроварии гендерӣ дар байни ҷавонон дастгирӣ карда мешавад. Ин иқдом дар доираи талошҳои густурдаи САҲА барои тавонмандсозии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба фаъолиятҳое мебошад, ки хушунат нисбати занон ва духтаронро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ мекунанд.