САҲА курси таълимии маблағгузоринамудаи Иттиҳоди Аврупо оид ба амалиёти наҷотдиҳӣ дар обҳои рӯизаминиро ба анҷом расонд
14 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) курси таълимии дуҳафтаинаро дар мавзӯи “Амалиёти наҷотдиҳӣ дар обҳои рӯизаминӣ” барои намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба анҷом расонд. Курси мазкур дар шаҳри Леваканд (вилояти Хатлон) баргузор гардида, ба баланд бардоштани малака ва тавонмандии наҷотдиҳандагон дар гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ дар обҳои рӯизаминӣ бо истифода аз қаиқҳои моторӣ ва дигар техника равона шудааст.
Дар маҷмӯъ 20 нафар наҷотдиҳандагон аз саросари Тоҷикистон тавонистанд маҳорати худро аз қабили идора кардани киштии мотордор, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба шахси наҷотёфта/ғарқшуда, истифодаи намудҳои гуногуни таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ҳангоми корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар об ва анҷом додани корҳои фаврӣ-наҷотбахш омӯзанд ва амалиёти обиро бо истифода аз ду киштй дар як вакт такмил диҳанд. Машғулиятҳои назариявӣ дар шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофии граждании шаҳри Бохтар ва курсҳои амалӣ дар ҳавзаҳои оби дарёи Вахш ва обанбори Леваканд гузаронида шуданд.
Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи САҲА оид ба босуботгардонии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, сурат гирифт. Ҳадафи лоиҳа таҳкими тавонмандии касбии ҳам Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои мубориза бо фаъолияти ғайриқонунӣ дар манотиқи наздимарзӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ мебошад.