САҲА ҷавонон ва созмонҳои байналмилалиро барои таҷлили Рӯзи байналмилалии духтарбачагон гирди ҳам овард
11 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) мизи мудаввари якрӯзаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарбачагон дастгирӣ намуд. Дар чорабинӣ ҳудуди 55 ҷавони фаъол, аъзои Эътилофи “Де-юре де-факто” ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Душанбе ва минтақаҳо гирди ҳам омаданд.
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён роҳҳои имконпазири саҳмгузории ҷонибҳои манфиатдор ба таъмини баробарии мардону занон ва арҷгузории анъанаҳои миллиро баррасӣ карданд. Онҳо ҳамчунин доир ба тадбирҳои зарурӣ оид ба беҳтар намудани дастрасии духтарон ва занон ба таҳсилот, роҳҳои рафъи таассубҳои гендерӣ, мусоидат ба тағйири мусбии рафтор дар байни ҷавонон ва роҳҳои ҳалли инноватсионии тавонмандсозии ҷавонон ҷиҳати мусоидат ба баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Рӯзи байналмилалии духтарбачагон таваҷҷӯҳро ба зарурати ҳалли мушкилоте, ки духтарон бо онҳо рӯбарӯ мешаванд, мусоидат ба тавонмандсозии духтарон ва риояи ҳуқуқҳои инсони онҳо ҷалб мекунад. Ташаббуси дастгиришуда ба кӯшишҳои васеътари САҲА ҷиҳати тавонмандсозии ҷавонон ва мусоидат ба баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузорад.