САҲА ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба обёрӣ ва заҳбуриро дастгирӣ мекунад
10 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Агентии мелиоратсия ва обёрӣ бахшида ба 10-умин ҷаласаи Комиссияи миллӣ оид ба обёрӣ ва заҳбурӣ чорабинии якрӯза баргузор намуд. Дар вохӯрӣ ҳамагӣ 70 нафар намояндагони ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалӣ, аъзои Комиссияи миллӣ оид ба обёрӣ ва заҳбурӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муассисаҳои илмӣ ва мутахассисони ҷавони соҳаи об ширкат варзиданд.
Ҳадафи ин чорабинӣ густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар рушди бахши об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар тавассути таваҷҷӯҳ ба лоиҳаҳои муштараки сармоягузории эҳтимолӣ буд. Он ҳамчунин мавзӯъҳоро, аз қабили пешбурди муколамаи минтақавӣ оид ба тағирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба бахши мелиоратсия ва обёрӣ фаро гирифт.
Дар суханронии ифтитоҳии худ Котиби Комиссияи миллӣ оид ба обёрӣ ва заҳбурӣ Баҳром Ғафорзода хабар дод, ки 30 май то 1 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Семинари 14-уми байналмилалии заҳбурӣ баргузор мегардад. Семинар таҳти унвони «Навсозии системаҳои обёрӣ ва заҳбурӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор» нахустин чунин чорабинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд ва дар назар аст, ки дар он ҳудуди 200 ширкаткунанда аз ниҳодҳои миллӣ ва байналмилалии соҳаи об ширкат кунанд.
Чорабинии мазкур дар доираи кӯшишҳои пайвастаи Дафтари барномаҳо оид ба дастгирии рушд ва навсозии бахши ирригатсионӣ ва заҳбур бо назардошти мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим мебошад. Он ҳамчунин ба ӯҳдадориҳои САҲА дар бахши об мувофиқат мекунад.