САҲА оид ба дастгирии равонӣ ба наҷотёфтагон аз зӯроварӣ дар оила омӯзиш доир менамояд
Аз 25 то 29 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) курси панҷрӯзаи таълимиро барои равоншиносони Марказҳои захиравии занон бо дастгирии САҲА ва мақомоти маҳаллӣ баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ 23 зани равоншинос аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Иштирокчиён дар бораи стратегияҳои мубориза бо мушкилоти стресс пас аз осебгирӣ, манбаъҳои стресс; афсурдаҳолии (депрессияи) эҳсосотӣ; рафтори худкушӣ ва изтироби наврасон ва санҷиши проективӣ барои муайян кардани афкори худкушӣ маълумот гирифтанд. Дигар мавзӯъҳои асосии дар ин чорабинӣ фаро гирифташуда арзёбӣ ва таҳқиқи клиникӣ; истифодаи санҷишҳои равонӣ барои муайян кардани хусусиятҳои психологии наврасон; ҳолатҳои “бӯҳронӣ” дар синнусоли наврасӣ ва малакаҳои муошират.
«Ман маълумоти зиёде гирифтам, бахусус оид ба муошират бо волидон ва рафтори наврасон ҳангоми стресс ва бӯҳронҳои синнусолӣ. Махсусан ба мавзуи пешгирии худкушии наврасон ва сабабхои он таваҷҷуҳ доштам. Пешгирии худкушии наврасон як мушкили ҷомеаи муосири мо ва мушкилии глобалӣ мебошад. Мо бояд ба ин кор муносибати ҷиддӣ карда, тадбирҳои эҳтиёткоронаи пешгирикунандаро андешем”, - гуфт Фарзона Ҷаъфарзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон.
Курсҳои таълимӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи Марказҳои захиравии занони САҲА, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финландия, Норвегия, Олмон ва Андорра маблағгузорӣ мешаванд, амалӣ карда мешаванд. Омӯзиш як қисми дастгирии доимии Дафтари барномаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ дар оила, аз ҷумла тавассути беҳбуд бахшидан ба хизматрасонии касбӣ ба наҷотёфтагон мебошад.