САҲА устувории ҷомеаҳоро дар манотиқи ба офатҳои табиӣ осебпазири Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш медиҳад
Рӯзҳои 5-6 сентябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои сокинони деҳаи Саричашмаи ноҳияи Мӯъминободи ба офатҳои табиӣ осебпазир омӯзиш доир намуд.
Дафтари барномаҳо таъсиси Ҷомеаи маҳаллии идоракунии офатҳои табиӣ (ҶМИОТ)-ро, ки аз 20 аъзо иборат аст, таъмин намуд. Аъзои ҶМИОТ дар машғулиятҳои назариявӣ оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои он иштирок намуда, таҷҳизоти заруриро гирифтанд.
Рӯзи аввали омӯзиш ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ, идоракунӣ ва коҳиш додани оқибатҳои онҳо нигаронида шуд. Дар рӯзи дуюми омӯзиш иштирокчиён дар машқҳо аз рӯи сенария бо иштироки мактаббачагон, занон ва хоҷагидорон иштирок намуданд. Ин омӯзиш яке аз се курсҳои ба нақша гирифташуда дар минтақаҳои осебпазири Тоҷикистон, аз ҷумла навоҳии Восеъ ва Шамсиддини Шоҳин аст.
Дафтари барномаҳо интизор дорад, ки ин маъракаи омӯзишӣ устувории ҷомеаҳоро дар минтақаҳои ба офатҳои табиӣ осебпазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро афзоиш медиҳад. Ин иқдом дар доираи ҳадафҳои стратегии Барномаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Барномаи миёнамуҳлати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 сурат мегирад.