Курси таълимии САҲА ба сарҳадбонони тоҷик дар такмили малакаҳои ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад
15 сентябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон курси якмоҳаи таълимии “Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо» (SFOC) хотима бахшид. Курс аз ҷониби коршиноси миллӣ бо дастгирии ёварони таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки ба истифодаи таҷрибаи маҳаллӣ ва баланд бардоштани иқтидори устувори дохилии таълимӣ имкониият дод.
24 афсари воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд малакаҳои барои иҷрои рисолати муҳими худ – таъмини амнияти марзи 1374 километраи Тоҷикистону Афғонистон заруриро такмил диҳанд. Курс, ки дар Маркази минтақавии таълимии Қӯшунҳои сарҳадии шаҳри Хоруғ (ВМКБ) баргузор шуд, як қатор мавзӯъҳоро дар бар гирифт, аз ҷумла харитахонӣ, роҳёбӣ, роҳпаймоӣ, гузаронидани кашшофӣ ва амалиёти марзбонӣ ва маълумотдиҳӣ, расонидани ёрии аввалия, мушоҳидаи шабона, кӯҳнавардӣ, амалиёти сарҳадбонӣ бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ ва ҳуқуқи инсон, ва арзёбии хатар. Иштирокчиён инчунин бо нармафзори харитасозии геофазоӣ ва таҳлилии Google Earth Pro шинос шуданд, ки барои банақшагирии амалиёти сарҳадбонӣ дар сатҳи тактикӣ кӯмак мекунанд.
8 сентябри соли 2023 Ҷон Кейси, Роҳбари лоиҳа, масъули гузаронидани курси таълимии «Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо»; Юкка Туононен, Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ва Роҳбари ченаки сиёсӣ-ҳарбии амният; ва Лилиан Лангфорд, корманди дастгирии сиёсати Маркази САҲА оид ба пешгирии низоъҳо дар Вена аз Маркази минтақавии таълимӣ дидан намуда, бо рафти омӯзиш шинос шуданд.
Аз соли 2018 инҷониб 689 нафар афсарони воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон курси «Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо»-ро хатм намуданд. Илова бар ин, 72 нафар хатмкунандагони курс ба ҳайси ёвари таълимии курси «Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо»-и Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанд ва дар гузаронидани тренингҳои дохилӣ оид ба ин малакаҳои муҳим дар Қӯшунҳои сарҳадӣ мусоидат мекунанд. Курси таълимии мазкур дар чаҳорчӯби марҳилаи 2-юми Лоиҳаи «Таҳкими иқтидори патрулии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо (PFCB)», ки аз ҷониби Фаронса маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби Дафтари барномаҳо амалӣ мегардад, гузаронида мешавад. Курси мазкур дар доираи кӯшишҳои чандсолаи Дафтари барномаҳо барои дастгирии иқтидори Тоҷикистон дар таъмини амнияти сарҳадӣ баргузор мегардад.