САҲА танзими хизматрасонии ислоҳиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки зӯроварӣ дар оиларо содир кардаанд, дастгирӣ мекунад
6 сентябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтар) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкили ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории байниидоравиро оид ба такмилдиҳии механизмҳои танзимкунандаи пешгирии зӯроварӣ дар оила дастгирӣ намуд. Дар чорабинӣ 28 нафар (16 мард ва 12 зан) намояндагони ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ дар оила фаъолият мекунанд, инчунин ба ҷабрдидагон хизматрасонӣ мекунанд, ширкат варзиданд.
Ҳадафи вохӯрӣ таҳти сарпарастии САҲА муаррифӣ ва муҳокимаи натиҷаҳои таҳлили заминаи қонунгузории марбут ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва чораҳои ислоҳӣ барои шахсоне, ки зӯровариро дар оила содир кардаанд, буд. Дар муҳокима тавсияҳо оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзим ва институтсионализатсияи хадамоти ислоҳӣ барои зӯроварон дар оила иборат буд.
Зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як мушкилии мубрами иҷтимоӣ мебошад. Ҷаласаи мазкур як қисми дастгирии доимии Дафтар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар такмили механизмҳои пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ дар оила, аз ҷумла тавассути таъмини хизматрасонии саривақтӣ ва касбӣ ба ҷабрдидагон ва барномаҳои тағйир додани рафтори шахсоне, ки зӯроварӣ дар оиларо содир мекунанд, мебошад. Дафтар аз соли 2021 инҷониб се утоқи пилотии машваратиро дар Левакант, Хуҷанд ва Душанбе роҳандозӣ кардааст, ки дар он равоншиносон ва кормандони иҷтимоии омӯзонидашуда бо шахсоне, ки зӯровиро содир кардаанд, барои тағйир додани рафтори ношоиста ва пешгирии зӯроварии минбаъдаи онҳо ёрӣ мерасонанд.