САҲА роҳбаладонро оид ба таъқиби судии хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон омода кард
Аз 28 август то 1 сентябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) омӯзиши панҷрӯзаи тренеронро барои Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии шаҳри Душанбе ташкил намуд. Дар тренинг 8 нафар иштирокчиён, аз ҷумла 7 нафар роҳбарон ва омӯзгорони Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Прокуратураи генералӣ ширкат варзиданд.
Ҳадафи тренинг такмили ихтисоси иштирокчиён оид ба омӯзонидани додситонон дар самти таъқиби судӣ ва мониторинги парвандаҳои зӯроварӣ дар оила буд. Омӯзиш дар асоси лоиҳаи модули таълимии «Пешгирӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои марбути зӯроварӣ дар оила», ки бо дастгирии Дафтари барномаҳо таҳия шудааст, гузаронида шуд. Ҳадафи чорабинӣ инчунин беҳтар намудани фаҳмиши шунавандагон дар бораи баробарии гендерӣ, зӯроварӣ дар оила, хусусиятҳои тафтишот ва таъқиби судии парвандаҳои зӯроварӣ дар оила, чораҳои фаврии зарурӣ барои таъмини ҳифзи саривақтии ҷабрдидагон ва чорчӯбаи ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Омӯзиш як қисми дастгирии Дафтари барномаҳо аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар институтсионализатсияи омӯзиши кормандони додситонӣ дар соҳаи тафтишот ва таъқиби судии парвандаҳои зӯроварӣ дар оила мебошад. Дафтари барномаҳо дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди САҲА оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, аз ҷумла хушунати хонаводагӣ идома медиҳад.