САҲА нақши роҳбарикунандаи занонро дар идоракунӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ дастгирӣ мекунад
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) барои бисту панҷ узви кумитаи роҳбарикунандаи Форуми занони ҳавзаи Сирдарё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду семинари баланд бардоштани малакаҳои касбӣ баргузор намуд. Семинари аввал дар мавзӯи «кори гурӯҳӣ» 17-18 августи соли 2023 ва семинари дуюм 25-27 августи соли 2023 баргузор гардиданд. Ҳарду чорабинӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сурат гирифтанд.
Ҳадафи семинарҳо дастгирии Форуми занони ҳавзаи Сирдарё дар мусоидат ба иштироки баробари занон дар идоракунӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ буд. Иштирокчиён бо тарзи кори ҳамоҳанг дар гурӯҳҳо ва ҳамкории самаранок шинос шуданд. Онҳо инчунин тарзи таҳияи нақшаи стратегии панҷсоларо барои пешбурди Форуми занони ҳавзаи Сирдарё омӯхтанд.
Форуми занони ҳавзаи Сирдарё дар соли 2019 бо ҳадафи ниҳоии ҷалби занони маҳаллӣ ба равандҳои қабули қарорҳо оид ба Идоракунии ҳамгирои захираҳои обӣ (ИҲЗО) таъсис дода шудааст. Дастгирии Дафтари барномаҳо аз ин ташаббус як қисми кори доимии он барои мусоидат ба иштироки баробари занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.