САҲА иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дастгирӣ мекунад
Рӯзи 29 август Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ) 9800 литр сӯзишвории дизелӣ ва 4500 литр маҳсулоти нафтӣ ҳадя кард. Маводи ҳадяшуда барои пур кардани воситаҳои нақлиётӣ ва таҷҳизоти ҚҲФ ва МГ, ки барои муҳофизат ва эвакуатсияи аҳолӣ ба минтақаҳои бехатар ҳангоми офатҳои табиӣ кор бурда мешаванд, истифода мешавад.
ҚҲФ ва МГ барои вокуниш ба офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст. Боришоти охирин дар Тоҷикистон боиси талафоти ҷонӣ – ба ҳалокат расидани 21 нафар гардид. Дастгирӣ ва баланд бардоштани иқтидори амалиётии ҚҲФ ва МГ аз ин рӯ ҳаётан муҳим аст ва Дафтари барномаҳо кӯшишҳои худро барои наҷоти одамон ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома медиҳад.
Ин фаъолият дар доираи Барномаи Сендай оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 амалӣ мешавад. Он як қисми кори васеътари САҲА дар самти дастгирии омодагӣ ба офатҳои табиӣ, пешгирӣ, вокуниш ва барқарорсозӣ дар сатҳи ҷомеа, инчунин дар сатҳи миллӣ ва фаромарзӣ мебошад.