САҲА офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии (ба ҷомеа аз нав шомил намудани) ҷинояткорони ноболиғро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад
Рӯзҳои 17 ва 18 августи соли 2023 Дафтари барномаҳо дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) омӯзиши дурӯзаро барои кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносон дар шаҳри Душанбе ташкил намуд. Ҳадафи ин омӯзиш таълим додани усулҳои офиятбахшии ҷинояткорони ноболиғ ва омодасозии онҳо ба ҳамгироии иҷтимоӣ пас аз адои ҷазо буд.
Тренинг дар маҷмӯъ 25 нафар кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносонро гирд овард, ки 15 нафарашон занон буданд. Омӯзиш дар як қатор ташаббусҳои шабеҳи САҲА чорабинии навбатӣ буд, мисли соли 2022, вақте ки Дафтари барномаҳо барои кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносони бо ҷинояткорони ноболиғ сарукордошта машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор намуд. Он инчунин воситаҳои арзёбӣ ва таснифи хатарҳоро таҳия кардааст, то ба мақомот дар ташкили системаи идоракунии парвандаҳо дар асоси стандартҳои байналмилалӣ кӯмак расонад.
Айни замон САҲА бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ҷинояткорони ноболиғ барои солҳои 2020-2024 ҳамкорӣ дорад. Ҳарду ҳуҷҷат дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳо таҳия шудаанд.
Тренинг дар доираи ӯҳдадориҳои васеътари САҲА оид ба кӯмак ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои Ӯҳдадориҳои САҲА оид ба ҷузъҳои сохтории ҷомеаи демократӣ ва Эъломияи соли 2006 Брюссел оид ба адолати судии ҷиноӣ баргузор гардид. Дафтар ҳамкории зичро бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ҷинояткорони ноболиғ идома медиҳад.