САҲА машғулиятҳои баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаро дар манотиқи ба офатҳои табиӣ осебпазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кард
21 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои 20 нафар намояндагони ҷамоати деҳаи Марғақи ноҳияи Мӯъминобод машғулияти баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ оид ба офатҳои табиӣ ташкил намуд. Деҳа дар минтақаи ба офатҳои табиӣ осебпазир ҷойгир аст.
Машғулиятҳо ба баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва чораҳои коҳиш додани оқибатҳои он нигаронида шудаанд. Иштирокчиён вазъи мушаххаси деҳаи Марғақ, аз ҷумла харитасозии минтақаҳои осебпазири онро баррасӣ карданд. Илова бар ин, ба аъзоёни ҷамоат оид ба расонидани ёрии аввалия таълим дода шуд. Ин омузиш онҳоро ба расондани ёрии тиббии аввалия дар сурати рӯй додани офати табии омода месозад.
Деҳаи Марғақ яке аз ҳашт деҳаи ноҳияи Мӯъминобод аст, ки дар онҳо дар тӯли ин моҳ чунин машғулиятҳои баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеа оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ, рафъи оқибатҳо ва вокуниш ба офатҳои табиӣ баргузор карда мешаванд. Дафтари барномаҳо интизор аст, ки машғулиятҳои мазкур устувории ҷомеаҳоро дар минтақаҳои ба офатҳои табиӣ осебпазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият медиҳанд.
Ин маърака мутобиқи ҳадафҳои стратегии Барномаи чаҳорчӯбавии Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Барномаи миёнамуҳлати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 гузаронида мешавад. Он дар доираи фаъолияти васеътари САҲА оид ба дастгирии омодагӣ, пешгирӣ, вокуниш ба офатҳои табиӣ ва барқарорсозӣ дар сатҳи ҷомеа, инчунин дар сатҳи миллӣ ва фаромарзӣ сурат мегирад.