САҲА сафари омӯзишии намояндагони Шабакаи ҷавонони САҲА барои баробарии гендерӣ аз Тоҷикистонро ба Гурҷистон дастгирӣ кард
Гурӯҳи ҳаштнафараи аъзои ҷавони Шабакаи ҷавонони САҲА барои баробарии гендерӣ, чор зан ва чор мард, дар доираи сафари омӯзишӣ аз 1 то 4 майи соли 2023 ба Тифлиси Гурҷистон барои барқарор намудани робитаҳо ва омӯзиши баробарии гендерӣ ташриф оварданд. Сафар аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил карда шуд.
Ҳадафи сафари омӯзишӣ аз табодул ва омӯхтани таҷрибаи ҳомиёни баробарии гендерӣ дар Гурҷистон, баланд бардоштани зарфияти ҷавонони тоҷик барои пешбурди баробарии гендерӣ дар ҷомеаҳои худ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии иштирокчиён дар бораи нақши баробарии гендерӣ ва иштироки сиёсии занон дар таъмини амнияти ҳамаҷониба иборат буд.
Нино Цилосани, раиси Шӯрои доимии парлумонии баробарии гендерӣ дар Гурҷистон гуфт: “Гурҷистон дар сафи пеши баробарии гендерӣ дар минтақа қарор дорад ва ҳамеша таҷрибаи пешқадами худро бо кишварҳои дигар мубодила мекунад”.
Фарҳод Ҷабборов, Ҳамоҳангсози Шабакаи ҷавонони САҲА оид ба баробарии гендерӣ гуфт: «Иштирок дар ин намуди сафари омӯзишӣ ба истифода бурдани донишу малакаҳои аъзои Шабака дар пешбурди рӯзномаи баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон имконият медиҳад. Донишҳои андӯхта ба мо барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаи мо, мусоидат ба фароҳам овардани имкониятҳои баробари мардону занон, инчунин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва саҳми хоксорона дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат мекунанд».
Дар рафти сафар иштирокчиён бо Шӯрои парлумонии баробарии гендерӣ, Комиссияи байниидоравӣ оид ба баробарии гендерӣ, Шӯрои миллии ташкилотҳои ҷавонони Гурҷистон, Донишкадаи сиёсати Мактаби байналмилалии иқтисод дар Тифлис, инчунин созмонҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмиллалии дар соҳаи баробарии гендерӣ дар шаҳру деҳот фаъолиятдошта мулоқот карданд.