Афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон давраи омӯзишии САҲА-ро оид ба банақшагирии амалӣ хатм намуданд
Санаи 5 маи соли 2023 дар шаҳри Душанбе 20 афсари Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон давраи омӯзишии банақшагирии амалиётро хатм карданд. Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи Марҳилаи 2 лоиҳаи САҲА «Тақвияти иқтидори хадамоти патрулии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар маҳалҳо тавассути мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ» амалӣ мегардад, ки он аз ҷониби Ҷумҳурии Фаронса маблағгузорӣ мешавад.
Дар ҷараёни давраи омӯзишии сеҳафтаина, иштирокчиён бо ҳафт марҳилаи раванди банақшагирии амалиётӣ шинос шуданд. Дар давари омӯзишӣ машғулиятҳои синфӣ бо муаррифии консепсияҳои банақшагирии амалиёт гузаронида шуда, баъд аз он машқҳои амалӣ иҷро гардиданд. Иштирокчиёни омӯзиш консепсияҳоро барои банақшагирии сенарияҳои воқеии марбут ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ ва башардӯстона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон татбиқ карданд. Иштирокчиён инчунин мавзӯъҳои амалиётҳои сарҳадбонӣ бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи гуманитарӣ ва нармафзори таҳлили геофазоии Google Earth-ро омӯхтанд.
Омӯзиш аз ҷониби ду роҳбалади байналмиллалӣ аз Босния ва Ҳерсеговина ва Руминия ва инчунин ду тренери Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон гузаронида шуд.