САҲА ба роҳбарон ва кормандони Марказҳои захиравии занон дар Тоҷикистон стратегияи рушди тиҷоратро таълим дод
27 намояндаи Марказҳои захиравии занони (МЗЗ) аз ҷониби САҲА дастгиришаванда, ки чордаҳ нафари онҳо роҳбар мебошанд, дар як курси таълимӣ дар Душанбе тарзи ба даст овардани устувории муассисавиро тавассути тиҷорати даромадноки иҷтимоӣ омӯхтанд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ин курсро аз 13 то 17 марти соли 2023 ташкил кард.
Иштирокчиён дар бораи асосҳои банақшагирии тиҷорати иҷтимоӣ ва марҳилаҳои он маълумот гирифтанд; гузаронидани таҳлили SWOT-и (ҷиҳатҳои заиф ва қавӣ, имконот ва хавфҳои) корхонаи иҷтимоӣ; муайян кардани барномаи истехсолии фаъолияти пешбинишуда, тартиб додани нақшаҳои бозорёбӣ ва молиявии корхонаи чамъиятӣ. Мавзӯҳои асосии дигари чорабинӣ таҳлили нақшаи тиҷоратӣ; нақшаи ташкилӣ; идоракунии хавфҳо ва муайян кардани таъсири иҷтимоии лоиҳа буданд.
Наталия Файзиева, намояндаи МЗЗ «АСТИ» дар Хуҷанд гуфт: «Барои ман ин як имконест, ки дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ бештар маълумот гирам. Дар натиҷаи омӯзиш умедворам, ки ташкилоти мо метавонад нақшаи соҳибкории иҷтимоиро таҳия кунад ва барои идомаи дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ бо фаъолиятҳои даромаднок машғул шавад».
«Ман ин ташаббуси САҲА-ро як роҳи ҳалли дастгирии устувори аъзоёни ҷомеа дар деҳот мешуморам. Ҳама мавзӯъҳое, ки дар рафти курс фаро гирифта шудаанд, барои баланд бардоштани сатҳи дониши иштирокчиён заруранд ва минбаъд ҳамчун дастурамал барои татбиқи ғояҳои соҳибкории иҷтимоӣ дар маҳаллаҳои истиқоматӣ истифода хоҳанд шуд», - қайд кард Моҳсимо Абдушаҳидова, директори МЗЗ «Занони Шарқ» дар Панҷакент.
«Дар дарсҳои амалӣ мо бо консепсияи нави тиҷорати иҷтимоӣ шинос шуда, нақшаи тиҷоратии корхонаи иҷтимоиро таҳия намудем», - гуфт намояндаи МЗЗ «Роҳнамо» дар ноҳияи Лахш Асадулло Неъматов. Вай афзуд, ки дониши гирифтаашон ба онҳо дар раванди рушди як корхонаи иҷтимоӣ дар ноҳияи худ кӯмак хоҳад кард.
Дафтари барномаҳо ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар минтақаҳо тавассути шабакаи иборат аз 14 Маркази захиравии занони таъсиснамудаи САҲА дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад. Фаъолияти кунунӣ дар доираи лоиҳаи «Дастгирӣ ва таҳкими Марказҳои захиравии занон дар Тоҷикистон»-и Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финландия, Норвегия, Олмон ва Андорра маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда мешавад.