Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси безараргардонии маводи таркандаро барои мутахассисони Осиёи Марказӣ ташкил кард
17 марти соли 2023, 16 нафар мутахассисони безараргардонии минаҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе курси сеҳафтаинаи минтақавии безараргардонии маводи тарканда (сатҳи 3)-ро хатм карданд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ин чорабиниро дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Штаби марказии Артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор кардааст.
Иштирокчиёни курс намояндагони вазоратҳои мудофиаи Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон; Гвардияи миллии Тоҷикистон; Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буданд.
Ҳадафи ин фаъолият рушди салоҳиятҳо ва баланд бардоштани тахассуси кормандони низомии Осиёи Марказӣ барои иҷрои вазифаҳои худ ҳамчун операторони соҳибихтисос оид ба безараргардонии маводи тарканда дар сатҳи 3 ҳангоми иҷрои амалиёти безараргардонии маводи тарканда мутобиқи стандартҳои байналмилалии амалиёти зидди минаҳо иборат буд.
Дигар мавзӯҳои асосии дар курс фаро гирифташуда бехатарии безараргардонии маводи тарканда; лавозимоти ҷангии рӯизаминӣ; таъмини раванд ва воситаҳои бехатар; корҳои муҳофизатӣ ҳангоми безараргардонии маводи тарканда; моддаҳои химиявӣ ва биологӣ; идоракунии майдони безараргардонӣ ва нобудсозии маводи тарканда, инчунин гузориш дар бораи безараргардонии маводи тарканда ва номгӯи пурраи вазифаҳо буданд.
Сардори Раёсати муҳандисӣ генерал-майор Сайёрабек Бачабекзода Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро намояндагӣ карда гуфт: “Вазорати мудофиаи Тоҷикистон саҳми Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанберо дар дастгирии Маркази минтақавии омӯзишии ВКД бо таҷҳизоти зиддитеррористӣ ва омӯзиши мутахассисони минтақавӣ дар курсҳои безараргардонии маводи тарканда баҳои баланд медиҳад, зеро дар минтақа хатари терроризм ва хатарҳои аз маводи тарканда маншаъгиранда то ҳол коҳиш наёфтаанд».
Генерал-майор Муҳаббат Иброҳимзода, директори Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон, аҳамияти курсҳои безарарсозии маводи таркандаро дар вазъи амнияти минтақавӣ таъкид кард.
Капитан Муҳаммад Умайр, Афсари умури дуҷонибаи нерӯҳои ҳавоии ИМА аз Дафтари ҳамкориҳои низомии Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе гуфт: “Умедворам, ки шумо дар ни омӯзиш чизи барои корҳои хатарноки худ бевосита татбиқшаванда ва чизеро пайдо кардед, ки шуморо ҳангоми идомаи кори аз минаҳо озод кардани Осиёи Миёна эмин нигоҳ медорад. Вақте ки мо якҷоя кор мекунем, мо қавитар мешавем. Якҷоя мо метавонем амнияти минтақаро тақвият бахшем ва ба сӯи ояндаи дурахшонтар кор кунем”.
Курс иқтидори омӯзиширо дар вазоратҳои мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои омӯзиши кормандони худ оид ба хатарҳои маводи тарканда ва захираҳои идоракунии фаврӣ тақвият мебахшад. Он ба Вазоратҳо имкон медиҳад, ки рушди иқтидори дохилӣ ва интиқоли малакаҳоро дар шӯъбаҳои худ дар Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои узви САҲА тибқи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ идома диҳанд.