САҲА курси минтақавии безарарсозии маводи таркандаро барои мутахассисон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дастгирӣ кард
29 июли соли 2022, 18 нафар мутахассисон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон курси сеҳафтаинаи минтақавии безараргардонии маводи тарканда (сатҳи 1-ро) дар Маркази таълимии минтақавии безарарсозии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Чимтеппа хатм карданд.
Курси мазкур аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Фармондеҳии марказии Артиши ИМА (USARCENT) баргузор гардид. Курси таълимиро роҳбаладони USARCENT ва Маркази таълимии минтақавии безарарсозии маводи тарканда гузарониданд.
Мавзӯҳои асосии дар курс баррасишуда лавозимоти тарканда ва назарияи маводи тарканда; муайян кардани маводи тарканда; риояи техникаи бехатарии корҳои сапёрӣ; эътирофи зарурати безарарсозии лавозимоти тарканда; таҷҳизоти безарарсозии маводи тарканда; корҳои муҳофизатӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ; ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва нобудсозии маводи тарканда буданд.
Теа Ҷалиашвилӣ, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аҳамияти талошҳои муштарак дар иҷрои ин лоиҳаро таъкид кард. Вай гуфт: “Танҳо ба туфайли ҳамкории ҳама ҷонибҳои манфиатдор - Вазорати дифои Тоҷикистон; Маркази миллӣ оид ба масъалаҳои минаҳо дар Тоҷикистон; Департаменти давлатии ИМА; ва вазоратҳои мудофиаи Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе –самаранокӣ ва муассирии барнома таъмин карда шуд.”
Муовини сардори Ситоди генералии вазорат генерал-майор Эгамзод Шараф Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро намояндагӣ карда, гуфт: «Вазорати мудофиаи Тоҷикистон саҳми Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанберо дар омодасозии мутахассисони минтақавӣ аз рӯи курси сапёрӣ баҳои баланд медиҳад, зеро хатари терроризм ва хатари марбути маводу лавозимоти тарканда дар минтақа ҳанӯз коҳиш наёфтааст.”
Курс иқтидори таълимии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказиро дар таълимдиҳии кормандони худ оид ба хатарҳои маводи тарканда ва захираҳои идоракунии фаврӣ дастгирӣ мекунад. Он ба вазоратҳо имкон медиҳад, ки рушди иқтидори дохилӣ ва интиқоли малакаҳоро дар шӯъбаҳои дахлдори худ дар Осиёи Марказӣ ва дигар Давлатҳои узви САҲА мутобиқи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ идома диҳанд.