САҲА зарфияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро дар мавриди безараргардонии бехатари маводи тарканда тақвият медиҳад
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе малакаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро оид ба безараргардонии маводи тарканда такмил дод. Давраи омӯзшӣ барои мураббиён оид ба безараргардонии маводи тарканда (сатҳи 3) ба иштирокчиён имкон дод, ки ҷиҳати ошкор, муайян кардан, баровардан, безарар кардан ва нобуд сохтани маводи тарканда дар майдонҳои минадору ҷангӣ дониш ва малакаҳои худро такмил диҳанд.
Давраи омӯзишӣ дар Маркази минтақавии таълимии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба бартарафкунии хатарҳои маводи тарканда аз 3 то 27 майи соли 2022 дар музофоти шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар давраи омӯзишӣ, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе доир шуд, ҳашт афсари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо иштирок карданд. Дар маросими пӯшидашавии омӯзиш намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Раёсати умури сиёсӣ - низомии Департаменти давлатии безарарсозӣ ва нобуд кардани маводи тарканда, САҲА ва Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масоили минаҳо ширкат варзиданд.
Мавзӯҳои таълим дар бораи омӯзишӣ дастурамалу роҳнамоҳо оид ба безараргардонии маводи тарканда ва бехатарӣ, муҳимоти хадамоти рӯизаминӣ, таҷҳизот, тартиби таъмини бехатарӣ, интиқол ва нобудсозии ниҳоии маводҳои тарканда ҳангоми машғулиятҳои амалӣ дар майдони безараргардонии маводҳои тарканда нигаронида шуда буданд. Дар даври омӯзишӣ иштирокчиён инчунин донишу малакаҳоеро омӯхтанд, ки барои гузаронидани амалиётҳои безараргардонии маводҳои тарканда ҳамчун мутахассиси сатҳи 3-юм мувофиқи Стандартҳои байналмилалии амалиёти зиддиминаҳо зарур аст.
Сардори Сарраёсати муҳандисии Вазорати дифои Тоҷикистон генерал-майор Сайёрабек Бачабекзода ҳамкориҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, САҲА ва Департаменти давлатии ИМА-ро муҳим арзёбӣ намуда, барои дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар доираи барномаҳои «Яроқи сабуки оташфишон» ва «Ҳамкории ҳамаҷониба оид ба бартарафкунии хатарҳои маводи тарканда» арзи сипос намуд. Ӯ зикр кард, ки Вазорати мудофиа умедвор аст, ки ҳамкориҳо дар ин самтҳои афзалиятнок идома ва тавсеа меёбанд.
«Дар тӯли солҳои зиёд ва тавассути лоиҳаҳои сершумор, таҳти роҳбарии САҲА, мо консепсияи таъсиси аввалин (ва ягона) Маркази минтақавии таълимиро оид ба бартарафкунии хатарҳои маводи тарканда омода, таҳия ва амалӣ намудем. Иштироки афсарони Вазорати мудофиа ва хатми давраи омӯзшӣ барои мураббиён оид ба безараргардонии маводи тарканда, сатҳи 3-юм, шаҳодати ин дастовард ва тасдиқи муваффақияти он мебошад”, гуфт дар маросими хотимабахшии давраи омӯзишӣ Родни А. Робидо, Роҳбари барномаҳо дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии Департаменти давлатии ИМА.
Давраи омӯзишӣ иқтидори таълимии Вазорати мудофиаро дар таълими кормандони он оид ба масалаҳои бартарафкунии хатарҳои маводи тарканда ва захираҳои идоракунии оперативӣ дастгирӣ мекунад. Он ба Вазорати мудофиа имкон медиҳад, ки рушди иқтидори дохилӣ ва интиқоли малакаҳоро дар шӯъбаҳои дахлдори худ дар Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва дигар давлатҳои узви САҲА мутобиқи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ идома диҳад.