САҲА ва шарикон иҷрои Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони ҷиноятсодиркардаро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунанд
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтар) мизи мудавварро барои муҳокимаи иҷрои Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024 (Барнома)-ро доир намуд. Муҳокима рӯзи 29 июл дар Душанбе баргузор шуд. Дар он 15 намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, созмони ғайридавлатии “Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва дигар аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Иштирокчиён роҳҳои ҳамкории муштаракро барои самаранок амалӣ намудани Барнома муҳокима карданд. Онҳо тавсияҳои мушаххасро оид ба таъмини муносибати мусоиди беҳбудии ноболиғон таҳия карданд. Ҳама тавсияҳои додашуда ҷавобгӯи талаботи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии СММ оид ба адолати судии ноболиғон (Қоидаҳои Пекин) буданд.
Дар соли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон аз Дафтар дархост кард, ки ба таҳлили қонунгузории миллӣ оид ба риояи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи офиятбахшии кӯдакони бо қонун мухолиф, аз ҷумла онҳое, ки ҷазоро адо кардаанд, мусоидат намояд. Ҳамон сол САҲА Ҳукуматро дар таҳияи Барнома ва Нақшаи амали худ, ки моҳи июни соли гузашта тасдиқ шуда буд, дастгирӣ кард. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми иҷрокунандаи ин Барнома таъин шудааст ва Дафтар барои иҷрои он дастгирии коршиносонро таъмин менамояд.
Соима Муҳаббатова, сардори Шӯъбаи сиёсати иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт: «Барномаи мазкур барои кӯмак ба ҷавононе, ки ба ҷомеа бармегарданд, дастурҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ медиҳад.»
«Иҷрои Барномаи миллии тасдиқшуда ва риояи Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии СММ оид ба адолати судии ноболиғон (Қоидаҳои Пекин) муҳим аст ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе омода аст, ки дар ин соҳа дастгирии минбаъдаро таъмин кунад», гуфт Роберт Хоейр, мудири Бахши ченаки инсонии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.