САҲА дар Душанбе аввалин курси таълимии аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришударо оид ба усулҳои наҷотбахшӣ дар об барои наҷотдиҳандагони тоҷик хотима мебахшад
7 июли соли 2021 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси таълимии дувунимҳафтаинаи “Наҷотбахшӣ дар об”-ро барои намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (Кумита) дар Душанбе ба итмом расонид.
Курси мазкур такмил додани малака ва тавонмандии наҷотбахшонро бо истифодаи машқҳои амалӣ дар ҳолатҳои гуногун равона кардааст, ки рафтори онҳоро ҳангоми амалиётҳои мураккаби наҷотдиҳӣ дар шароити душвори саҳроӣ дар саросари Тоҷикистон муассиртар мегардонад.
Дар ҷараёни курси таълимӣ, як гурӯҳи дигари иборат аз 16 наҷотбахши ш. Душанбе (илова бар 98 наҷотбахши қаблан таълимёфта) малакаҳои ҷаҳидан ба чуқурии зиёда аз чор метр ва расидан ба қаъри дарё, ҷаҳидан ба об аз баландии то се метр ва кӯмак ба шахси ғарқшаванда, инчунин аз об бо ресмон кашида баровардани шахси ҳангоми оббозӣ ғарқшавандаро такмил доданд. Донишҷӯён инчунин дар иҷрои машқҳо, ба монанди расонидани ёрии аввалия ба ҷабрдидагон, кӯмак ба ғаввос ҳангоми кор, ва ба қисмҳо ҷудо кардан, васл, таъмир ва бартараф кардани норасоиҳои таҷҳизоти ғаввоси тамрин карданд.
Тамоми курс интерактивӣ гузаронида шуд ва наҷотдиҳандагони маҳаллӣ усулҳои гуногуни ғаввосӣ ва аз об наҷотдиҳии ҷабрдидагонро татбиқ карданд. Дар рафти курси таълимӣ дониш ва малакаҳои наҷотбахшон такмил дода шуда, ба онҳо имкон дода шуд, ки амал кунанд, вокуниш нишон диҳанд ва фавран одамони ғарқшударо наҷот диҳанд. Ғайр аз он, ба иштирокчиёни тренинг инчунин талаботи бехатарии тиббӣ барои наҷотбахшон, бемориҳои касбӣ ва дигар ҷанбаҳо муаррифӣ карда шуданд.
Машғулиятҳои назариявӣ дар толори конфронси Раёсати наҷотдиҳии махсусгардонидашудаи Кумита баргузор шуданд ва машғулиятҳои амалӣ дар минтақаҳои обии назди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб гузаронида шуданд.
Машғулиятҳоро намояндагони Кумита ва САҲА гузарониданд.
Генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои маблағгузории тренингҳо ва лоиҳаи ҷорӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои ҳамоҳангӣ, ҳамкории зич ва татбиқи лоиҳа арзи сипос кард. «Омӯзишҳо барои наҷотбахшон аз соли гузашта дар Душанбе ва дар сатҳи минтақавӣ бомуваффақият идома доранд ва онҳо ба фаъолияти ҳаррӯзаи наҷотбахшон таъсири мусбат мерасонанд. Мутаассифона, дар айни замон мо наметавонем наҷотбахшони худро барои таҳсил ба хориҷа раҳсипор намоем. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтаем, ки як маркази бозомӯзии наҷотбахшонро таъсис диҳем. Умедворам, ки ҳамкориро бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт идома хоҳем дод».
“Наҷотдиҳӣ дар об - соҳаи муҳим ва душвор аст ва одатан барои гузаронидани чунин курс таҷҳизоти мушаххаси техникӣ лозим аст, зеро сухан дар бораи наҷоти ҷони одамон меравад” гуфт Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. «Лоиҳа аз соли гузашта идома дорад ва ба наздикӣ дар вилояти Суғд низ чунин курс ба нақша гирифта шудааст».
Хуршед Латифов, роҳбалад/сардори Раёсати ғаввосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон гуфт: «Мо донишҳои худро такмил додем ва малакаҳои ғаввосии худро, ки ҷузъи фаъолияти ҳаррӯзаи наҷотбахши мост, такмил додем».
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи САҲА “Босуботгардонии минтақаи наздисарҳадии ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” гузаронида шуд, ки онро Воситаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мекунад. Ҳадафи лоиҳа тақвияти тавонмандии вокуниши Кумита ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.