Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷаласаи таблиғи нақши занон дар милитсияро баргузор карданд
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтар) мизи мудаввари дурӯзаро дар мавзӯи нақши занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо таваҷҷӯҳи махсус ба васеъ намудани ҳуқуқу имконоти занон дар бахши милитсия доир намуд. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ рӯзҳои 12 ва 13 март дар наздикии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ин мулоқот бист нафар занони корманди милитсия ва намояндагони мақомоти дигар ширкат варзиданд. Умарҷони Эмомалӣ, муовини сардори Дастгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Флориан Разесбергер, роҳбари Департаменти сиёсию ҳарбии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе маърӯзачиёни асосӣ ин чорабинӣ буданд.
Иштирокчиён аҳамияти таъсиси гурӯҳеро муҳокима карданд, ки ба занон ҷиҳати доштани нақши барҷаста дар бахши полис мусоидат мекунад. Онҳо инчунин иқдоми таъсиси иттиҳодия ва ваколати онро баррасӣ карданд. Дафтар маълумот ва тавсияҳоро дар асоси таҷрибаи иттиҳодияҳои занони полис, ки аллакай дар дигар давлатҳои аъзои САҲА мавҷуданд, пешниҳод намуд.
«Ин сӯҳбати мизи мудаввар ба кормандзанони милитсияи мо имконият дод, ки дар бораи он мубодилаи афкор кунанд, ки чӣ гуна ҷалби бештари занон ба милитсия метавонад кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тавассути истифодаи доираи васеи таҷриба ва дониш беҳтар кунад. Умедворем, ки чунин вохӯриҳо баҳри беҳтар гардидани мақоми занон дар милитсияи мо метавонанд мунтазам баргузор карда шаванд”, гуфт полковник Хушвахтзода Бибихол Ғафур, дотсенти кафедраи мудофиаи факултаи 5-уми Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
“Дар саросари минтақаи САҲА таҷрибаҳо ва таҳқиқоти зиёде аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки афзоиши шумораи занон дар бахши полис ва намояндагии онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда ба манфиати тамоми ҷомеа аст”, гуфт Флориан Разесбергер роҳбари Департаменти сиёсию ҳарбии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. Вай афзуд, ки Дафтар омода аст минбаъд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро дар ин самт дастгирӣ кунад.