Бист афсари сарҳадбони Тоҷикистон даври якуми курси банақшагирии амалиётии баргузорнамудаи САҲА ва ИА-ро ба итмом мерасонанд
5 марти соли 2021, 20 афсари марзбони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон курси сеҳафтаинаи банақшагирии амалиётиро хатм карданд. Курсро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ташкил кардааст.
Иштирокчиёни курс, ки асосан афсарони сарҳадии Тоҷикистон буданд, ки дар марз бо Афғонистон хизмат мекунанд, малакаҳои худро дар банақшагирии амалиётӣ, усулҳои дастурдиҳӣ, идоракунии иттилоот ва хавфҳо, огоҳии гендерӣ ва инчунин малакаҳои фармондеҳӣ ва назоратӣ такмил доданд. Афсарон инчунин тарзи вокуниш ба таҳдидҳоеро омӯхтанд, ки берун аз марзҳои давлатӣ бармеоянд, харитаҳои топографиро хонда, бо посбонони сарҳадӣ ҳамкорӣ намуда амалиётҳои муштараки худро барои ҳифзи самараноки марз ҳамоҳанг созанд.
Полковник Раҷабзода Насим Холмурод, муовини якуми Раис-Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки курси таълимӣ ба рушди малакаҳое нигаронида шуда буд, ки барои посбонии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон заруранд, ки бинобар релефи кӯҳӣ ва шароити сахти иқлим муҳити душвор аст. “Ман итминон дорам, ки малака ва дониши дар ҷараёни омӯзиш бадастомада дар хизмати ҳаррӯзаи оянда дар иҷрои вазифаҳои фаврии ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода хоҳанд шуд”.
Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои пурсамар бо Дафтари барномаҳо дар ташкили ин курси омӯзишӣ барои афсарони сарҳадбони Тоҷикистон арзи сипос кард. «Ман шодам, ки ин курс дар чунин як дастаи маъруфи сарҳадӣ баргузор гардид. Барномаи банақшагирии оперативӣ барои сардорони воҳидҳои махсус таҳия шудааст, то тарзи саривақтӣ ҷамъ кардани маълумоти зарурӣ ва таҳлили вазъият, инчунин тасмимгирии мақсаднок ва банақшагирии фаъолияти худро омӯзанд».
Петра Гашпарова, муовини роҳбари Намояндагии ИА дар Тоҷикистон гуфт: “Лоиҳаи 18-моҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришудаи “Босуботгардонии минтақаи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” як лоиҳаи хеле махсус аст, зеро он дастгирии ҳам сохторҳои гражданӣ ва ҳам сохторҳои низомиро дар бар мегирад. Ин нахустин ин гуна лоиҳае мебошад, ки берун аз Африка ва Шарқи Наздик амалӣ карда мешавад. Бо камоли хушнудӣ ман афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро бо натиҷаи бомуваффақияти ин давраи омӯзишӣ табрик мегӯям. Омӯзишҳои бештар пешбинӣ шудааст ва мо умедворем, ки аъзои хадамоти марзбонии Афғонистон низ ба курсҳои минбаъда ҷалб карда мешаванд, зеро омӯзиши муштарак барои тақвияти эътимод ва густариши ҳамкориҳои сарҳадӣ муҳим аст”.
Курси омӯзишии мазкур аввалин дар силсилаи курсҳои омӯзишӣ дар доираи лоиҳа буд, ки тавассути Воситаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳадафи лоиҳа такмили ихтисоси Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ва Афғонистон дар мубориза бо амалҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад. Ҳадафи лоиҳа инчунин тақвияти иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои вокуниш ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.