САҲА ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои муҳокимаи ҳамкорӣ дар соли 2021 мулоқот доир менамоянд
16 октябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари) бо намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мулоқоти виртуалӣ доир намуд, то дастовардҳои охирини асосии онҳо ва афзалиятҳои ҳамкорӣ дар соли 2021 муайян карда шаванд.
Мулоқот бо созмонҳои ғақриҳукуматии Тоҷикистон пас аз ҷаласаи Платформаи Шарикӣ байни Дафтар ва Ҳукумати Тоҷикистон оид ба банақшагирии ҳамкориҳои стратегӣ барои соли 2021 суръат гирифт, ки рӯзи 15 октябр онлайн баргузор шуд.
Дар чорабинӣ тақрибан 100 нафар иштирокчиён, аз ҷумла кормандони Дафтар ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Иштирокчиён роҳҳои афзоиш додани ҳамкории Дафтар бо созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистонро дар тамоми марҳилаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар доираи ваколатҳои мавҷуда ва бо назардошти афзалиятҳои мубрами кишвари мизбон баррасӣ намуданд, ки ҳамаи се андозагирии муносибати ҳамаҷониба ва ба ҳамкорӣ нигаронидаи САҲА ба амниятро дар бар мегирад.