САҲА барои масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон омӯзиши аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришударо оид ба зарфиятҳои устувори амалиётҳои саҳроӣ доир менамояд
Рӯзи 14 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси омӯзишии чорҳафтаинаро барои 20 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) оғоз кард.
Иштирокчиён дар самти баланд бардоштани малакаҳое, ки барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда заруранд, кор хоҳанд кард. Онҳо оид ба усулҳои омода шудан ба гузаронидани амалиёти устувори саҳроӣ дар шароити душвор, ки барои минтақаи амалиёти Кумита хос аст, кор хоҳанд кард. Машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ аз ҷониби намояндагони КҲФ ва МГ ва САҲА гузаронида мешаванд, ки онҳо хониши харитаҳо ва муайянкунии ҷои худ дар маҳал, кӯҳнавардии ибтидоӣ ва амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳиро дарбар мегиранд. Курс инчунин ҳуқуқҳои инсон ва ҷанбаҳои гендерии гузаронидани амалиёти наҷотдиҳиро фаро мегирад.
Ин аввалин силсила курсҳои омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи 18-моҳаи Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки бо мақсади таҳкими иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ташкил шудааст.
«Омӯзиши имрӯза аввалин амалест, ки тавассути як барномаи нав амалӣ карда мешавад, ки ба мо имкон медиҳад то ҳамзамон ҳам ба амният ва ҳам ба рушди устувор сармоягузорӣ кунем. Лоиҳа намояндагони мақомоти амниятӣ ва фаъолони шаҳрвандии ҳарду тарафи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гирд оварда, онҳоро барои пешгирӣ ва идоракунии самараноки намудҳои гуногуни бӯҳрон муҷаҳҳаз хоҳад кард» - қайд кард хонум Петра Гаашпарова, Кордори Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.
Ҳадафи лоиҳаи “Босуботгардонии минтақаи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” рафъи таҳдидҳо ва хатарҳои мухталифи марбут ба офатҳои табиӣ мебошад, ки Тоҷикистон зуд-зуд дар марзи ҷанубии худ дучор меояд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе онро амалӣ мекунад.
“Лоиҳа ҷонибдори тақвияти зичи САҲА ва Кумита мебошад, ки дар тӯли солҳои охир ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, ҳамкории хуби САҲА ва ИА нишондоди баланд бардоштани иқтидори кишвари мизбон дар ҳалли мушкилоти дахлдор мебошад”, гуфт Валериу Кивер, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. Ӯ қайд кард, ки дар ин курс масъулини КҲФ ва МГ, ки минтақаҳои гуногуни кишварро намояндагӣ мекунанд, таълим мегиранд ва бомуваффақият хатм кардани курсҳои омӯзишӣ ба наҷотдиҳандагон имкон медиҳад, ки ба офатҳои табиӣ ва дигар бӯҳронҳо эътинои самаранок нишон диҳанд ва ба ин васила ба амнияти умумии Тоҷикистон мусоидат кунанд.
Баланд бардоштани зарфиятнокӣ яке аз қисмҳои лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришуда мебошад. Илова бар ин, дар чаҳорчӯбаи лоиҳа таъмиру сохтмони маркази таълимии Кумита дар Қаратоғ гузаронда мешавад, ки мунтазам барои гузаронидани курсҳои омӯзишӣ имконият медиҳад. Таъмин намудани таҷҳизоти махсус барои наҷотдиҳандагоне, ки кӯмаки аввалияро мерасонанд, низ ба лоиҳа дохил карда шудааст.
Иттиҳоди Аврупо аз соли 2003 инҷониб амният ва идоракунии самарабахши сарҳадро дар Тоҷикистон, бахусус тавассути Барномаи минтақавии идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ (BOMCA) ва Барномаи амали зидди маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CADAP) мусоидат мекунад. Тавассути Барномаи сиёсати хориҷӣ, ки ба сулҳ ва субот мусоидат мекунад, ИА дар бунёди инфрасохтори муҳими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмак мекунад, ба эътидол овардани минтақаҳои наздисарҳадӣ, мусоидат ба муколамаи наздимарзӣ барои таҳаммулпазирӣ ва сулҳ, амалиёте, ки ба пешгирии ифротгароии хушунатомез ё мубориза бо паҳн кардани маълумоти бардурӯғ (дезинформатсия) равона шудаанд кӯмак мекунад.