САҲА ба шарикони тоҷикистонии худ барои мубориза бо КОВИД-19 лавозимоти муҳофизатиро пешкаш кард
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, бо мақсади таҳкими кӯшишҳои мубориза алайҳи пандемияи КОВИД-19, ба шарикони худ дар вазоратҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маблағи 50 000 евро кӯмаки амалӣ расонд. Дафтар маводҳоро аз 22 июл то 4 августи соли 2020 ба шарикони худ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт дастрас намуд.
Кӯмак дар шакли лавозимоти муҳофизати шахсӣ ва безараргардонӣ буда, ҳароратсанҷҳои инфрасурхи фосилавӣ, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшҳои ташхиси тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, бастаҳои дастпоккунҳои зидди бактериявӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва собунҳои зидди бактериявиро дарбар гирифт.
“САҲА омода аст минбаъд ҳам шарикони тоҷикистонии худро дар самти пешгирии паҳншавии КОВИД-19 дар Тоҷикистон тавассути фаъолияти барномавии худ ва таъмини лавозимоти муҳофизатии шахсӣ дастгирӣ кунад. Мо боварӣ дорем, ки дар якҷоягӣ ҳамкорӣ намуда, мо муборизаро бо коронавирус дар Тоҷикистон боз ҳам самараноктар карда, ҳаёти одамонро наҷот медиҳем ва оқибатҳои пандемияро дар кишвар коҳиш медиҳем”, гуфт Сафир Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Ин даври сеюми кӯмаки амалии марбут барои пешгирии КОВИД-19 мебошад, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА ба шарикони худ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 200,000 евро пешниҳод карда мешавад. Моҳи апрел Дафтар ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ ва маводҳои безараргардониро тақдим кард. Дар аввали моҳи июл, Дафтар инчунин ба маъмуриятҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт, аз ҷумла ба шарикони худ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, лавозимоти муҳофизати шахсӣ ва безараргардониро тақдим карда буд.