САҲА ба маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таҷҳизоти техникиро тақдим менамояд
12-уми апрели соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти компютериро тақдим намуд.
Таҷҳизоти тақдимшуда аз 20 компютер ва ноутбук, 10 монитор, се чопкунаки лазерӣ ва проектор иборат аст.
Кумита таҷҳизоти мазкурро барои ҷамъоварии маълумот дар минтақаҳо истифода мебарад, ки барои таҳия намудани харитаҳои GIS ва гузаронидани таҳлили пешакӣ имкон медиҳад. Ин ба омодагӣ ва эътинои беҳтари мақомоти Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳад кард.
Филиппо Кривелларо, роҳбари Шӯъбаи иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: “Дафтари мо омода аст минбаъд ҳам ҳамкориро бо Кумита дар соҳаи коҳиши хатароти офатҳои табиӣ таҳким бахшад”.
Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба САҲА барои дастгирии он дар густариши имкониятҳои маркази таълимии Кумита арзи сипос намуда, ба ҳамкории минбаъда бо Дафтар изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Тақдим бо дархости Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон сурат гирифт.