Иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳои экологӣ дар ҷаласаи солонаи Марказҳои Орхус 2023
Нақши марказҳои Орхус дар ташвиқу тарғиби иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳои экологӣ, гузариш ба иқтисоди сабз ва идоракунии партовҳои хатарнок ва заҳролуд дар Ҷаласаи солонаи Марказҳои Орхус 2023, ки рӯзҳои 17 ва 18 октябр дар Душанбе ва онлайн баргузор шуд, дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Ҳадафи вохӯрии солона мусоидат ба мубоҳисаҳо ва баланд бардоштани ҷалби Марказҳои Орхус дар ташвиқу тарғиби идоракунии муассири муҳити зист дар соҳаҳои гуногун мебошад. Дар он зиёда аз 70 намоянда аз марказҳои Орхус, мақомоти миллӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои САҲА гирд оварда шудаанд.
Хонум Силви Ҳойет, Муовини ҳамоҳангсоз/Роҳбари фаъолиятҳои экологии САҲА, тасдиқ кард, ки САҲА саҳми назарраси Марказҳои Орхусро дар ҷалби шаҳрвандон, ҳукуматҳо ва бахши хусусӣ ба муколамаи созанда оид ба масъалаҳои муҳити зист ва рушди устувор эътироф мекунад.
Хонум Зарафо Қиёмзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки моҳияти асосии фаъолияти Марказҳои Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи принсипҳои Конвенсияи Орхус бо мақсади ҳифзи табиати нодири кишвар, муҳофизати муҳити зист ва ташаккул додани тафаккури экологӣ дар байни ахолӣ аст.
Доктор Марко Кейнер, Директори Шӯъбаи муҳити зист дар Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо гуфт, ки кори Марказҳои Орхус мисли пештара муҳим боқӣ мемонад ва нақши онҳо дар пешбурди ҷомеаҳои сулҳҷӯ ва фарогир ва барқарорсозии эътимод торафт муҳимтар мегардад. Доктор Кейнер таъкид кард, ки ин дар партави ақибнишинии ахири демократӣ ва поляризатсияи (ба қутбҳо торафт зиёд ҷудошавии) иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар як қатор кишварҳо аҳамияти хоса дорад.
Хонум Лоредана Далл'Ора, раиси Гурӯҳи кории Конвенсияи Орхус оид ба иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо, нақши муҳими Марказҳои Орхусро дар татбиқи Конвенсияи Орхус ёдовар шуд. Ӯ қайд кард, ки чӣ тавр онҳо дар ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ мунтазам иштирок мекунанд ва мубоҳисаҳоро бо дониши амиқи худ оид ба таҷрибаи иштироки ҷомеа дар минтақаи САҲА ғанӣ мегардонанд.
Бо назардошти таҷрибаи мусбати чорабинии соли гузашта, Ҷаласаи солонаи Марказҳои Орхус 2023 имкони муассир барои гузаронидани ҷаласаи таҳкими иқтидор дар мавзӯи «Стратегияҳои муоширати рақамӣ ва аёният» бо ҳадафи таҳкими малакаҳо дар муошират, муаррифӣ ва намоён кардани кори Марказҳои Орхус ба шунавандагони миллӣ ва байналмилалӣ буд.
Мулоқот аз ҷониби Дафтари Ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА (OCEEA) дар ҳамкории зич бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Ҷаласаи солонаи Марказҳои Орхус соли 2023 қисман аз ҳисоби саҳмҳои Олмон ва Италия ба лоиҳаи ғайрибуҷетии «Тақвияти марказҳои Орхус дар минтақаи САҲА барои ташвиқу тарғиби идоракунии муассири экологӣ ва рушди устувор» маблағгузорӣ карда шуд.
Барои маълумоти бештар дар бораи марказҳои Орхус, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад, лутфан ба сомонаи зерин нигаред: Aarhus Centres | OSCE Aarhus